Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Маядин, Бетсалел Смотрич вазири молияи режими сионистӣ иддио кард, ки ин режим бояд 60 фоизи хоки Ғаззаро таҳти ишғоли худ дароварда ва онро бахше аз заминҳои ишғолшуда эълон кунад.
Ӯ илова кард: дар хусуси Лубнон низ ҳамин тавр аст. Бояд бахшҳое аз хоки ин кишвар то хатҳои мустақарроти нерӯҳои мо ба заминҳои таҳти назорати мо илҳоқ шавад.
Ин вазири режими сионистӣ пештар низ хостори оғози ҷанги густурда алайҳи Каронаи Ғарбӣ шуда ва гуфта буд, ки модели Ғазза бояд дар ин минтақа низ такрор шавад.
Ӯ аз идомаи рушди шаҳракҳои сионистнишин дар Каронаи Ғарбӣ хабар дод ва эълон кард, ки садҳо воҳиди истиқоматии нав дар ин минтақа сохта хоҳад шуд.
Your Comment