20 Октябр 2026 - 10:57
Source: ABNA
Амрико ҳукми боздошти раисҷумҳури собиқи Кубаро содир кард

Қозии додгоҳе дар Флорида ҳукми боздошти «Раул Кастро» раисҷумҳури собиқи Кубаро бо иттиҳоми беасос содир кард.

Ба гузориши хабаргузории АБНА, шабакаи «NBC 6» гузориш дод, ки қозие дар ҷануби Флорида воқеъ дар Амрико ҳукми боздошти «Раул Кастро» раисҷумҳури собиқи Кубаро ба баҳонаи беасоси даст доштан дар сарнагун кардани 2 ҳавопаймо дар соли 1996 содир кард.

Ин ҳукм аз ҷониби «Ариана Фахардо Оршан», қозии аршади додгоҳи ҳавзаи қазоии ёздаҳуми Флорида, имзо шудааст.

«Ҷеймс Атмайер», додситони кулли Флорида, субҳи имрӯз душанбе дар нишасти хабарӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Флорида иддио кард, ки Кастро ба «табаҳум барои иртикоби қатли амдонаи дараҷаи якум» иттиҳом дорад.

Дар ин кифорхост, Кастро ва 5 нафари дигар аз ҷумла Лоренсо Алберто Перес-Перес, Эмилио Хосе Паласио Бланко, Хосе Фидел Гуал Барзага, Раул Симанка Карденас ва Луис Раул Гонсалес-Пардо Родригес бо иттиҳомоти беасоси сершумор рӯбарӯ шуданд: 4 фард қатл, 2 фард нест кардани ҳавопаймо, ва табаҳум барои куштани шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида!

Гуфтанӣ аст, ки Амрико солҳост бо дахолат дар умури дохилии Куба ва вазъ кардани таҳримҳо алайҳи Ҳавана мекӯшад, ки мардуми ин кишварро ба пайравӣ аз сиёсатҳои истикомариаш маҷбур кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha