Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз шабакаи CNN, Крис Райт, вазири энергетикаи Амрико, ки дар остонаи интихоботи миёнамуҳлати Конгресси ин кишвар шикасти ҳамҳизбони ҷумҳурихоҳи худро қатъӣ медонад, кӯшид бахше аз шикастҳои ҳукумати кишварашро ин тавр тавҷеҳ кунад: Трамп таҳримҳои «Линдсӣ Грэҳам»-ро лағв накард; ӯ танҳо иҷрои онҳоро феълан ба ҳолати боздошт даровардааст.
Вазири энергетикаи Амрико дар ин бора гуфт: Оё бо нархҳои бензини болои 5 доллар барои ҳар галлон мушкилӣ надоред? Хушҳолам, ки нархҳо ба коҳиш раванд. Агар Русия тавонад газойли бештар ба бозор таъмин ва содир кунад, ин амр ба манфиати истеъмолкунандагони амрикоӣ хоҳад буд. Ин ба манфиати ҷаҳон хоҳад буд!
Крис Райт дар посух ба саволе ба ин мазмун, ки «чаро ин созиш (боздошти бахше аз таҳримҳои зидди руссӣ) пеш аз он ки Русия розӣ шавад аз шиддати ҷанг алайҳи Украина бикоҳад ё дар воқеъ ба он хотима диҳад, баста шуд?» иддао кард: коре, ки Трамп дар паи анҷоми он аст, ёфтани равиши мухталифест, ки ба сулҳ мерасонад. Ӯ ҳамеша ба дунболи навоварӣ аст. Дар воқеъ, ин иқдом комилан навоварона ҳисобида мешавад!
Your Comment