7 Октябр 2026 - 21:15
Source: ABNA
Абу Убайда: амалиёти Тӯфони Ақсо як шоҳкори низомӣ буд

Сухангӯи гардонҳои Қассом бо ишора ба шоҳкори низомии амалиёти Тӯфони Ақсо хостори кушода шудани ҷабҳаҳои нав алайҳи душмани сионистӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Абна, Абу Убайда сухангӯи гардонҳои Қассом шохаи низомии Ҳамос таъкид кард: се сол аз амалиёти муқаддас мегузарад; рӯзе ки дастони мардон доктринаи амниятии ишғолгаронро барои ҳамеша нобуд кард. Дигар на аз боздорандагӣ чизе боқӣ мондааст, на аз ҳушдор ва на аз пирӯзии ниҳоӣ. Дурудеро пур аз иззат ва ифтихор ба қаҳрамонон ва шаҳидони ин амалиёти муқаддас аз фармондеҳонаш то сарбозон ва миллати азими Фаластин мефиристем.

Вай илова кард: эй мардуми бузурги Ғазза, нархи гарон пардохта шуд аммо амалкарди шумо бузург буд. Наслҳои оянда шуморо ҳамчун бузургон ва тағйирдиҳандагони чеҳраи таърих ва муодилоти ҷаҳон, мудофеъони шарафи уммат ва муқаддасоти он дар ин нуқтаи ҷуғрофии хурд ва муҳосирашуда ба ёд хоҳанд овард; минтақае ки виҷдони озодихоҳонро бедор кард ва ҳамаи касонеро, ки бо ишғолгарон табаъният карданд, расво кард.

Абу Убайда тасреҳ кард: 7 октябр як шоҳкори низомӣ буд, ки дӯсту душман ба бузургии барномарезӣ ва иҷрои он ва нобиғаи фиреби стратегии истифодашуда дар он эътироф доранд. Қувваҳои муқовимат аз тамоми фурсатҳо барои навоварӣ дар ин амалиёт, аз ҷумла худшифтагии Нетаняҳу ва ғурури вай дар кам баҳо додани душман истифода карданд.

Вай гуфт: Фаластин ҳеҷ гоҳ ҳомиёни худро, хусусан касонеро, ки хунашонро дар ин роҳ фидо карданд, фаромӯш нахоҳад кард. Ҳақорати масҷиди Ақсо ва дарди Ғазза бояд ҳамагонро бедор кунад. Шуҷоат ва ғайрати Судан ва Либиё камтар аз Яман, Лубнон, Ироқ ва Эрон нест. Вақте ҳамагон диданд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини оддӣ чӣ балое бар сари душман оварданд, агар ҷабҳаи ғарб низ алайҳи он кушода шавад, чӣ хоҳад шуд?

Your Comment

You are replying to: .
captcha