Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Маълума, Аҳмад Ал-Мусавӣ, намояндаи парлумони Ироқ таъкид кард, ки ин кишвар бо ҳамкорӣ бо ширкатҳои амрикоӣ ва ғайриамрикоӣ мушкилӣ надорад ба шарти он ки қарордодҳо бар асоси манфиатҳои мутақобил ва иштирокӣ танзим шаванд.
Вай илова кард: Ироқ бо истилогарии ширкатҳо ё кишварҳои ҷаҳон, хоҳ Амрико ва хоҳ ғайри он, мухолиф аст. Иқтисоди кишвар набояд дар гаравӣ иродаи хориҷиҳо бошад.
Ал-Мусавӣ тасреҳ кард: яке аз муҳимтарин мушкилоти мавҷуд дар муносибатҳои Ироқ ва Амрико марбут ба пулҳои нафтии Ироқ назди ин кишвар ва амалҳоест, ки Вашингтон нисбат ба ин пулҳо анҷом медиҳад. Ҳамин масъала истиқлоли иқтисодии Ироқро зери суол бурдааст.
Вай гуфт: ҳукумати Ироқ бояд барои хотима додан ба ин вазъият амал кунад. Ироқ қарзҳои худро пардохт кардааст ва ҳамчун кишвари дорои ҳокимият ба шумор меравад. Идомаи ин вазъият метавонад фишорҳои мавҷударо бар иқтисоди кишвар дучанд кунад. Баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Ироқ вақти он расидааст, ки ҳокимияти иқтисодӣ низ таҳқиқ шавад.
Your Comment