Тибқи гузориши хабарии АБНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири режими сионистӣ, бо нашри як пост дар фазои маҷозӣ навишт, ки Айзенкот, раиси ҳизби Йеш Атид бо Авигдор Либерман, Голан, Беннет ва ҳизбҳои арабӣ баъд аз интихобот як кабинети чапгаро ташкил хоҳад дод.
Вай афзуд: Танҳо Ликуди бузург (ҳизби Нетанёҳу) онҳоро бозмедорад.
Бетсалел Смотрич, вазири молияи кабинети Нетанёҳу низ бо интиқод аз иттиҳоди мухолифон таъкид кард, ки қарори онҳо хатарнок аст.
Пештар шабакаи 12-и телевизиони режими сионистӣ гузориш дод, ки сарварони ба истилоҳ «гурӯҳи тағйирот» як ҷаласа дар хонаи Яир Лапид, сарвари ҷараёни мухолиф дар Тел-Авив баргузор карданд ва ӯҳдадор шуданд, ки ҳамлаҳои мутақобила алайҳи якдигарро қатъ кунанд.
Бар асоси ин гузориш, сарварони 5 ҳизби мухолиф дар сарзаминҳои ишғолшуда дар ҷараёни ин ҷаласа таъкид карданд, ки барои канор задани Нетанёҳу ва ҷалби овозҳо алайҳи вай ва ташкили кабинети ивазкунанда кӯшиш хоҳанд кард.
Your Comment