20 Сентябр 2026 - 09:59
Source: ABNA
3 сабаби шикасти Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман

Як фаъоли сиёсии ироқӣ ба сабабҳои шикасти Арабистони Саудӣ дар ҷанг бо Яман ишора кард.

Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Маълума, фаъоли сиёсии ироқӣ Аднон ат-Тамимӣ таъкид кард, ки Арабистони Саудӣ бо вуҷуди қудрати низомие, ки дар ихтиёр дорад, натавонист ҳадафҳои мавриди назари худро дар Яман муҳаққақ созад.

Вай илова кард: ин дар ҳолест, ки аз ҳеҷ ҷинояте дар ҳадаф қарор додани ғайринизомиён ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ алайҳи Яман бо пуштибонии маздурони дохилӣ дареғ накардааст.

Ат-Тамимӣ тасреҳ кард: воқеият он аст, ки Арабистони Саудӣ дар набард бо Яман бо се сабаб шикаст мехӯрад; нахуст муқовимати тамоми қадди яманиҳо ва имонҳояшон ба машруияти ҳадафҳояшон, дуюм такяи яманиҳо ба истеҳсоли дохилӣ дар соҳаи саноати низомӣ ва мудофиавӣ ва сеюм ташаббус ва эҷодкории онҳо дар майдони набард.

Вай илова кард: пуштибонии мардумӣ аз ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман яке аз муҳимтарин омилҳои таъйинкунанда дар ҷанг аст, ки боиси дучанд шудани қудрати ин нерӯҳо барои идомаи роҳ мешавад. Арабистони Саудӣ ҳис мекунад, ки дар шароити душвор қарор гирифтааст ва бо ёрии гирифтан аз кишварҳои арабӣ ва ғайриарабӣ кӯшиш мекунад, ки худро аз ин ҷанг берун кунад, аммо ҳама медонанд, ки ворид шудан ба ҷанг бо Яман яъне як набарди шикастхӯрда.

Your Comment

You are replying to: .
captcha