Ба гузориши хабарии Абно аз Русия ал-Яум, хабарнигори шабакаи CBS News-и Амрико эътироф кард, ки чанд ҳавопаймои низомии ин кишвар дар ҳамлаҳои шабонаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Муваффақ ас-Салтӣ дар Урдун осеб диданд.
«Ҷеннифер Ҷейкобс» хабарнигори CBS News гузориш дод, ки як ҳавопаймои A-10 Thunderbolt дар ҳамлаи Эрон мавриди зарба қарор гирифт ва боиси аз даст рафтани яке аз болҳои он шуд.
Вай афзуд, ки тақрибан ҳашт ҷети ҷангӣ F-15 пеш аз бозгашт ба хидмат осеби ҷузъӣ диданд.
Бар асоси иддаои ин хабарнигори амрикоӣ, дар ҷараёни ин ҳамла, нерӯҳои Амрико дар Урдун беш аз 30 мушаки Патриотро барои дифоъ аз пойгоҳ дар баробари ҳамлаҳои Эрон партофтанд.
Ин хисорот ба ҷангафрӯзҳои Амрико пас аз ҳамлаи таҷовузкоронаи ин кишвар ба панҷ нафткаши Эрон дар талофии ҳадаф қарор додани киштиҳои ҷангии нерӯи баҳрии Амрико аз ҷониби Эрон рух дод.
Мақомоти Амрико дар бораи коҳиши сариъи захираҳои мушакҳои Патриот ва дигар муҳимоти дақиқи низомии артиши ин кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд; нигароние, ки ҳафтаҳост дар гузоришҳои мухталиф инъикос ёфтааст.
Your Comment