Ба гузориши агентсии хабарии Абна, «Ҳамдуллоҳ Фитрат» муовини сухангӯи ҳукумати муваққати Афғонистон ба РИА Новости гуфт: Кобул ба ҳеҷ кас иҷозат нахоҳад дод, ки аз хоки ин кишвар барои эҷоди таҳдид алайҳи кишварҳои дигар истифода кунад.
Вай бо иброни он ки тамоми Афғонистон таҳти назорати ҳукумати марказӣ қарор дорад, афзуд: аз замони бозгашти Толибон ба қудрат, вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ба таври назаррас беҳбуд ёфтааст.
Покистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Толибони Афғонистонро ба дахолат дар умури дохилии худ муттаҳам кардааст.
Исломобод бар ин бовар аст, ки гурӯҳҳои таҷзияталаб ва ҷараёнҳои террористии мухолифи Покистон ба мисли гурӯҳи «Таҳрики Толибони Покистон» таҳти ҳимояти Толибони Афғонистон қарор доранд ва дар ин кишвар паноҳ гирифтаанд.
Your Comment