Ба гузориши агентҳои хабарии «Абна» ба нақл аз «Ал-Маядин», Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, таъкид кард, ки режими сионистӣ ба ҷангҷӯӣ нашъаманд аст ва кӯшиш мекунад, ки суботи минтақаро тавассути ҳар амали таҳрикӣ аз байн барад.
Вай илова кард, ки кабинети режими сионистӣ дар ҷустуҷӯи зери таъсир гузоштани суботи тамоми минтақа буда, ин равандро аз кишварҳои ҳамсояи худ оғоз кардааст.
Қаблан низ Туркия аз полиси байналмилалӣ (Интерпол) хоҳиш карда буд, ки Бинёмин Натаняҳу, сарвазири режими сионистиро боздошт кунад.
Акин Гӯрлек, вазири адлияи Туркия, эълом кард, ки ин кишвар ба далели пайгирии судии ҷорӣ алайҳи Бинёмин Натаняҳу ба иттиҳоми наслкушӣ, хоҳиши содир кардани «эълони сурх» (Red Notice)-и Интерполро барои вай дорад.
Your Comment