Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна» ба нақл аз «Асошиэйтед Пресс», Изуми Накамитсу, раиси Дафтари умури халаъи аслиҳаи Созмони Милал таъкид кард, ки шиддатҳои амиқи геополитикӣ ва шикофҳои афзоянда ва коҳиши эътимод дар канори нигарониҳо нисбат ба аз сар гирифтани санҷишҳои ҳастаӣ мавҷуд аст.
Охири соли гузашта, Амрико ва Русия, ки калонтарин арсеналҳои ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд, якдигарро ба аз сар гирифтани санҷишҳои ҳастаӣ таҳдид карданд.
Накамитсу илова кард: танҳо фикр кардан дар бораи интихоби чунин роҳ хатарнок аст. Аз сар гирифтани санҷишҳои ҳастаӣ даҳсолаҳо кӯшишро барои коҳиши шиддат нобуд карда ва заминаро барои рақобатҳои аслиҳавӣ фароҳам меорад. Ин раванд аслан бояд оғоз нашавад.
Вай дар партави 30-умин солгарди Паёмони манъи кулли санҷишҳои ҳастаӣ, аз системаи ҷаҳонии санҷиши ин паёмон таъриф кард, аммо таъкид кард, ки ин паёмон то ҳол лозим-ал-иҷро нашдааст.
Your Comment