Ба гузориши агентӣи хабарии Абна ба нақл аз шабакаи Ал-Маядин, "Сабоҳ ан-Нуъмон", сухангӯи фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ (сарвазир) эълом кард, ки фармон оид ба таъсиси кумитае барои муайян кардани шакли муносибатҳои ин кишвар бо эътилофи байналмилалии зидди ДОИШ пас аз хуруҷи нерӯҳои он содир шудааст.
Ӯ илова кард, ки раванди хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Ироқ бо суръат дар ҳоли иҷро буда ва мувофиқи ҷадвалҳои муайяншуда пеш меравад.
Сухангӯи фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ дар охир инчунин таъкид кард, ки раванди кам кардани нерӯҳои эътилоф дар Ироқ бо ҳамоҳангии мустақими дафтари фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳоли иҷро мебошад.
Your Comment