Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна» бо истинод ба «Ал-Ҷазира», Том Баррак, фиристодаи Амрико ба Сурия ва Ироқ, дар як мусоҳибаи матбуотӣ даъво кард, ки таҷовузи режими сионистӣ бар зидди фурудгоҳи низомии Абу-з-Зуҳури Сурия дар рӯзҳои гузашта, эҳтимоли зиёд дар натиҷаи нофаҳмӣ ё ҳамоҳангсозии нодуруст байни тарафҳои исроилӣ буд.
Вай илова кард, ки шиддат гирифтани муносибатҳо байни Туркия ва режими сионистӣ ба нафъи онҳо нест. Як назария дар бораи нофаҳмӣ байни артиши режими сионистӣ ва Моссад, инчунин дафтари Нетаняҳу дар бораи ин амалиёт вуҷуд дошт, ки ниҳоят боиси иҷрои он гардид.
Баррак гуфт, ки шояд Роман Гофман, раиси Моссад, дар идоракунии як канали иртиботии махфӣ ва хеле муҳим буд, ки онро то ба охир нарасонида буд. Дар ин миён, яке аз фармондеҳони сионистӣ дар асоси арзёбии худ аз иттилооти мавҷуда, ба хулосае расид, ки бояд босуръат ва фавран амал кард.
Вай идома дод, ки эҳтимолан як тараф ба иттилооти телефонӣ дар бораи ният ва қасди Туркия барои амал дар Сурия даст пайдо карда ва як фармондеҳ барои пешгирӣ аз рух додани он амалиёти мазкурро анҷом дод. Як назарияи дигар ин аст, ки режими сионистӣ Туркияро ба сӯи дом кашида истодааст. Ин сенария, бо вуҷуди хеле ҳуҷомӣ буданаш, метавонад дар фазои маъракаи интихоботӣ бо истиқболи хуб рӯ ба рӯ шавад, хусусан он ки интихоботи парлумонии режими сионистӣ, ки қарор аст октябри оянда баргузор шавад, наздик аст.
Your Comment