22 Август 2026 - 12:34
Source: ABNA
Вокуниши раиси Комиссияи Аврупо ба ишғолгарии режими сионистӣ дар сарзаминҳои Фаластин

Раиси Комиссияи Аврупо бо нашри изҳорот қарори кабинети режими сионистиро барои сохтмон дар минтақаҳои ишғолшудаи Фаластин маҳкум кард.

Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна» бо истинод ба шабакаи Ал-Ҷазира, Урсула фон дер Лайен, раиси Комиссияи Аврупо, шоми ҷумъа бо нашри изҳорот қарори кабинети режими сионистиро барои пешниҳоди музоядаҳои сохтмон дар қолаби лоиҳаи шаҳрсозӣ (E-1) ба сахтӣ маҳкум кард ва онро амале комилан ғайриқобили қабул хонд.

Дар ҳамин росто, дирӯз шаб низ сарони 7 кишвар, аз ҷумла 4 узви Иттиҳоди Аврупо, нақшаи нави шаҳрсозии сионистон дар соҳили ғарбиро маҳкум карданд.

Масъулони ғарбӣ пас аз оғози музояда барои сохтани беш аз 1200 воҳиди манзилӣ дар ин минтақа аз ҷониби масъулони сионистӣ, таваққуфи ин сохтмонҳоро дар сарзаминҳои ишғолшуда талаб карданд.

Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҳоланд, Англия, Норвеж ва Канада имзокунандагони ин изҳороти муштарак мебошанд.

Нақшаи маъруф ба «E-1», ки соли гузашта аз ҷониби режими сионистӣ ба тасвиб расид, қисми зиёди минтақаҳои фаластиннишини шарқи Қудсро, ки аз ҷониби ин режим ишғол ва ҳамроҳ карда шудааст, беш аз пеш аз соҳили ғарбӣ ҷудо хоҳад сохт.

«Антонио Гутерриш» дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ пештар ҳушдор дода буд, ки иҷрои нақшаи «E-1» хатири ҷиддӣ ва таҳдиди бунёдӣ барои имкони ташкили давлати воҳиди Фаластин ба шумор меравад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha