21 Август 2026 - 22:46
Source: ABNA
Дархости «Абу Убайда» аз сокинони соҳили ғарбӣ барои қиём бар зидди сиёнистҳо

Сӯхангӯи низомии таҳти «Ал-Қассом» аз фаластиниҳои сокини соҳили ғарбӣ даъват кард, ки дар посух ба шаҳодати «Абу Раад» – падари ду шаҳид ва аз муборизони муқовимат, ба муқобили режими сиёнистӣ бархезанд.

Ба гузориши хабаргузории «Абно» ба нақл аз хабаргузории «Шиҳоб», сӯхангӯи низомии таҳти «Ал-Қассом» аз сокинони соҳили ғарбӣ хостори мубориза бо сиёнистҳо шуд.

Абу Убайда, сӯхангӯи низомии таҳти «Изз ад-Дин ал-Қассом» – шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос – дар канали Телеграмии худ навишт: «Мо ба миллати Фаластин дар ҳар ҷо ки ҳастанд, ба муносибати шаҳодати қаҳрамон, шаҳид Фатҳӣ Хозим (Абу Раад), ки бар асари тирборонӣ сарбозони ишғолгар ба шаҳодат расид, таслият мегӯем. Рӯҳи ӯ ба ҳамроҳонаш – Абу Шанаб, Аттор, Абу Шмале, Барҳума ва ҳамаи шаҳидони миллати мо пайваст».

Абу Убайда илова кард: «Дар солгарди сӯзондани масҷиди Ал-Ақсо ва дар сояи ҷиноятҳои афзояндаи ишғолгарон, мо аз ҳамаи фарзандони муборизи худ дар соҳили ғарбии ишғолӣ ва Қудс мехоҳем, ки аз масҷиди Ал-Ақсо, замин ва номуси худ дифоъ кунанд ва бар зидди ишғолгарон қиём кунанд, ба гурӯҳҳои ғоратгар посух диҳанд ва барои хуни поки шаҳидон интиқом гиранд».

«Фатҳӣ Хозим», падари шаҳидон «Раад Хозим» ва «Абдурраҳмон Хозим», субҳи панҷшанбе дар вақти ҳуҷуми сарбозони режими сиёнистӣ ба хонааш дар маркази шаҳри Ҷанин ба шаҳодат расид.

Your Comment

You are replying to: .
captcha