21 Август 2026 - 22:45
Source: ABNA
Туркия ҳукми дастгирии Нетанёҳуро содир кард

Вазири адлияи Туркия эълом кард, ки Анкара бо сабаби пайгирии судии ҷорӣ бар зидди Бинёмин Нетанёҳу ба иттиҳоми наслкушӣ, хостори содир кардани «эълони сурх»-и Интерпол барои ӯ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории «Абно» ба нақл аз хабаргузории «Анадолу», Туркия аз полиси байналмилал (Интерпол) хостори боздошти Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири режими сиёнистӣ шуд.

Тибқи эълони ин воситаи ахборӣ, Оқин Гӯрлек, вазири адлияи Туркия эълом кард, ки кишвараш бо сабаби пайгирии судии ҷорӣ бар зидди Бинёмин Нетанёҳу ба иттиҳоми наслкушӣ, хостори содир кардани «эълони сурх» (Red Notice) - и Интерпол барои ӯ шудааст.

Ҳамчунин дархости монанд барои яке аз мансабдорони ин режим ба сабаби ҷиноятҳо бар зидди фаъолони флотилияи ҷаҳонии «Мармара» (Global Marmara Fleet) матраҳ шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha