Ба гузориши агентӣи хабарии «Абна» бо иқтибос аз пойгоҳи хабарӣ «Ал-Маълума», Фолиҳ ал-Файёз, раиси созмони «Ал-Ҳашд аш-Шаъбӣ», дар суҳбат бо телевизиони «Аш-Шарқия» гуфт: Эрон дар баробари ҷанги қариб ҷаҳонӣ қарор гирифт ва тавонист дар баробари мушкилот истодагарӣ кунад.
Вай инчунин изҳор дошт: ман тамоми мансабҳоро тарк кардам, зеро вазифаи худро дар «Ал-Ҳашд аш-Шаъбӣ» ифтихоре меҳисобам, ки аз ҳар ифтихори дигар болотар аст.
Ал-Файёз дар бораи инҳисори силоҳ дар дасти давлат низ гуфт: инҳисори силоҳ бо истифодаи зӯр ба рӯбароӣ хоҳад анҷомид ва ин рӯй нахоҳад дод.
Раиси созмони ироқии «Ал-Ҳашд аш-Шаъбӣ» инчунин дур аз интизор донист, ки пас аз анҷоми муҳлати инҳисори силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар охири моҳи сентябр, Ироқ шоҳиди даргирӣ байни ироқиҳо бошад.
Вай гуфт: пас аз анҷоми муҳлати инҳисори силоҳ, ҳеҷ даргирии мусаллаҳона рӯй нахоҳад дод ва ин таърих, ид ва рӯзи наве барои Ироқ хоҳад буд. Мо вуҷуди ҳеҷ силоҳи ошкоро пас аз 1 октябр намепазирем.
Вай таъкид кард: бо вуҷуди ҳампӯшии байни «Ал-Ҳашд аш-Шаъбӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ироқ, аммо Сафарбарии мардумӣ масъули гурӯҳҳои мусаллаҳ нест.
Your Comment