20 Август 2026 - 11:28
Source: ABNA
Нетаняҳу: Ҳузури низомии Туркия дар Сурияро ҳаргиз таҳаммул нахоҳем кард

Сарвазири режими сионистӣ бо тасдиқи ҳамлаи ин режим ба фурудгоҳе дар Идлиби Сурия гуфт: мо ҳаргиз ҳузури низомии Туркияро дар Сурия, агар он таҳдид барои Тел-Авив бошад, таҳаммул нахоҳем кард.

Ба гузориши агентӣи хабарии «Абна», Бениёмин Нетаняҳу, сарвазири режими сионистӣ, пас аз ҳамлаҳои ин режим ба пойгоҳи суриявии мизбони туркҳо, гуфт: мо ҳаргиз ҳузури низомии Туркияро дар Сурия, агар он таҳдид барои Тел-Авив бошад, таҳаммул нахоҳем кард.

Вай афзуд: мо ба таври возеҳ эълом кардем, ки бо ҳузури низомии Туркия дар Сурия мухолифем ва ба назар мерасад, ки онҳо ба мо хуб гӯш надоданд. Бинобар ин, кӯшиш кардем, то мақсуди худро ба онҳо беҳтар интиқол диҳем.

Зикр мешавад, ки як манбаи низомии суриявӣ дар суҳбат бо «Ал-Ихбория»-и Сурия бо ишора ба он ки ҳамла ба фурудгоҳи Абу-аз-Зуҳур кори ҷангандаҳои исроилӣ буд, гуфт: ҷангандаҳои исроилӣ субҳи рӯзи сешанбе 18 август ҳашт ҳамла ба хати парвози фурудгоҳи низомии Абу-аз-Зуҳур дар атрофи шарқии Идлиб анҷом доданд.

Манбаи мазкур афзуд: ин ҳамла танҳо ба инфрасохтори фурудгоҳ хисороти моливӣ расонд ва талафоте надошт.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии Сурия ҳамлаҳои ҳавоии режими сионистӣ ба фурудгоҳи низомии «Абу-аз-Зуҳур» дар вилояти Идлибро бо сахттарин ибораҳо маҳкум кард ва ин амалро таҷовузи беасос, вайронкунии ошкори ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва ташаннуҷзоии хатарноке донист, ки амният ва суботи минтақаро ба хатар мегузорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha