20 Август 2026 - 11:28
Source: ABNA
Вокуниши Арабистони Саудӣ ба ҳамлаи сионистҳо ба фурудгоҳи низомии Сурия

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ бо сахттарин ибораҳо ҳамлаҳои ҳавоии режими сионистиро ба фурудгоҳи низомии Абу-аз-Зуҳур дар вилояти Идлиб маҳкум кард.

Ба гузориши агентӣи хабарии «Абна», Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ бо сахттарин ибораҳо ҳамлаҳои ҳавоии режими сионистиро ба фурудгоҳи низомии Абу-аз-Зуҳур дар вилояти Идлиб маҳкум карда, ин амалро вайронкунии ошкори қонунҳои байналмилалӣ ва тамомияти арзии Сурия донист.

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар эъломияе овардааст: Арабистони Саудӣ бар мухолифати қатъии худ дар муқобили ин таҷовузи ошкоро таъкид мекунад ва бори дигар аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳад, ки ба вайронкунии қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ аз ҷониби Исроил хотима диҳад.

Дар идомаи ин эъломия омадааст: Риёз ҳамбастагии пурраи худро бо Сурия эълон мекунад ва аз ҳар гуна амале, ки боиси ҳифзи ҳокимият, тамомияти арзӣ, якпорчагии кишвар ва таъмини амният ва субот барои миллати бародари Сурия гардад, дастгирӣ мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha