Ба гузориши агентҳои хабаррасонии «Абна», Абу Ало ал-Валаӣ, котиби генералии гурдонҳои «Сайидуш-Шуҳадо»-и Ироқ бо нашри паёме дар фазои маҷозӣ гуфт, ки Ироқ метавонад нафти худро бифурӯшад, аммо ҳукумати ин кишвар ҳаққи тасарруфи даромади нафтии худро надорад, зеро дороиҳои Ироқ дар ихтиёри ишғолгарони амрикоӣ мебошанд.
Вай идома дод, ки ҳавопаймоҳои ироқӣ ба ин кишвар хароҷоти зиёд доранд, аммо танҳо бо иҷозати Амрико метавонанд дар фазои Ироқ парвоз кунанд, ки ин нишондиҳандаи ишғоли фазои Ироқ аст.
Ин узви калони гурдонҳои «Сайидуш-Шуҳадо»-и Ироқ таъкид кард, ки Амрико ба Ироқ иҷозати харидани барқ аз Туркия ё Эронро намедиҳад ва ба ин кишвар иҷозати имзои созишномаҳо бо Чинро намедиҳад.
Ал-Валаӣ идома дод: «Ба мо иҷозат дода намешавад, ки бо ширкати Сименс ё дигар ширкатҳои мутахассис дар соҳаи ислоҳ ва рушди системахои барқӣ қарордод бандад. Ин шароит мисоли зарбулмасали «аз ин ҷо монда ва аз он ҷо ронда» аст».
Вай дар охир таъкид кард: «Миллати Ироқ истиқлолияти комили худро бар ин кишвар мехоҳад, аммо ҷанобон, ин истиқлолият куҷост?»
Your Comment