Ба гузориши агентсии иттилоотии «Абно» ба нақл аз RT, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии умури башардӯстона (OCHA) эълон кард, ки дар соли 2025, шумори 350 нафар ёррасон ва кормандони соҳаи башардӯстона дар саросари ҷаҳон кушта шуданд, ки 186 нафари онҳо дар ноҳияи Ғазза буданд.
Ин дафтар дар баёнияе эълон кард, ки соли гузашта рекорди нави талх дар заминаи хушунат нисбати кормандони башардӯстона ба қайд гирифта шуд ва шумори кормандони кушта, захмӣ ё рабуд шуда дар соли 2025, дар маҷмӯъ ба 907 нафар расид.
Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки ноҳияи Ғазза бештарин шумори талафот дар миёни кормандони башардӯстонаро ба худ ихтисос додааст; ба тавре ки дар соли 2025, шумори 186 нафар ёррасон ва кормандони соҳаи башардӯстона дар ин минтақа кушта шуданд.
Ин омор дар ҳоле ба қайд гирифта шудааст, ки ташкилотҳои башардӯстона ҳанӯз дар дохили ин минтақа дар шароити бениҳоят душвор фаъолият доранд ва бо мушкилоти васеи амниятӣ ва логистикӣ рӯбарӯ ҳастанд; мушкилоте, ки раванди ёррасонию пешниҳоди кумак ба сокинони осебдидаро халалдор мекунанд.
Your Comment