Ба гузориши агентсии иттилоотии «Абно», шабакаи телевизионии CNN эълон кард, ки ношикани «Бенфолд»-и нерӯи дарёии Амрико дар моҳи гузашта бо сабаби харобӣ дар системаи энергия ва барқрасонӣ, чаҳор рӯз пурра бе ҳоҷатхонаи қобили истифода, хидмати ошхона ва системаи кондитсионер гузаронидааст.
Ин шабака ишора кард, ки ин ҳодиса дар баҳри Ҷануби Чин рух дода, ки ҳарорати ҳаво дар он минтақа хеле баланд аст.
«Матю Комер» сухангӯи флоти ҳафтум гуфт, ки ин ҳодиса дар ношикани «Бенфолд» вақте рух дод, ки ин киштӣ дар ҳоли иҷрои амалиёти муқаррарӣ дар минтақаи уқёнуси Ҳинд ва Ором дар 24 июл буд.
Комер шарҳ дод, ки илова бар аз даст додани қобилияти маневри автоматикӣ, хидмати ошхона, ҳоҷатхонаҳо, кондитсионер ва таъмини оби нӯшокӣ дар ин киштии ҷангии тақрибан 10 ҳазор тонна вазн дошта, халалдор шудааст.
Бо гузашти беш аз 20 рӯз аз ин ҳодиса, бар асоси изҳороти ин сухангӯ, сабаби қатъи барқи ин киштии ҷангӣ ҳанӯз дар дасти тафтиш аст.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки нерӯи дарёии Амрико пас аз гузоришҳое дар бораи бад шудани вазъи саломатии рӯҳии кормандони артиши Амрико дар киштии ҳавопаймобари «Авраҳам Линколн» дар Ховари Миёна, ки беш аз 200 рӯзро беист дар рӯи об буданд, бо фишорҳои афзояндаи афкори умум мувоҷеҳ шудааст.
Your Comment