18 Август 2026 - 00:34
Source: ABNA
Яҳё Сареъ: Мо киштии ҷангии душмани саудӣ ба оташ кашидем

Сахангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳадаф қарор гирифтани киштии ҷангии ва чанд қаиқи артиши Арабистони Саудӣ аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ва ба оташ кашидани киштӣ ва ғарқ шудани қаиқҳо хабар дод.

Ба гузориши агентҳои хабарӣ «Абно» бо истинод ба «Ал-Масира», Яҳё Сареъ, сахангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: «Мо як киштии ҷангии душмани саудиро ҳамроҳи чор қаиқи низомии ҳамроҳи он дар баҳри Сурх дар рӯбарӯи соҳили Ал-Муха ҳадаф қарор додем».

Вай афзуд: «Ин ҳамла дақиқ ва мустақим ва бо чанд мушаки баллистӣ анҷом шуд. Ин амалиёт боиси оташгирии пурраи киштӣ ва ғарқ шудани баъзе қаиқҳо ва оташ гирифтани дигар қаиқҳо гардид».

Яҳё Сареъ таъкид кард: «Мо бо дақиқии тамом ҳамаи таҳаввулот ва таҷаммуъоти низомии душмани саудиро аз наздик назорат мекунем ва ин таҳаввулот ва таҷаммуъотро ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар баҳр ҳадаф қарор хоҳем дод. Инчунин муодилаи "муҳосира дар муқобили муҳосира" идома хоҳад дошт ва ҳамаи марказҳои таҷаммуъи низомиёни душман дар ҳар маконе ҳадаф қарор мегиранд».

Сахангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман инчунин эълом кард: «Мо як анбори аслиҳаи вобаста ба таҷаммуъоти душмани саудиро дар маркази низомии "Сахн ал-Ҷинн" дар Маъриб бо чанд ҳавопаймои бесарнишин ҳадаф қарор додем ва онро ба оташ кашидем».

Your Comment

You are replying to: .
captcha