Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз Ал-Ҷазира, «Рейтерс» ба нақл аз як манбаи дипломатӣ эълом кард: Ҷаред Кушнер, домоди Трамп, дар Қоҳира бо миёнҷиёне аз Миср, Қатар ва Туркия дидор кард, то нақшаи Трамп дар бораи Ғаззаро пеш барад.
Бар ин асос, «Рейтерс» ба нақл аз манбаи дипломатӣ идома дод: мақомоти Ҳамас дар баъзе нишастҳои миёнҷиён дар Қоҳира ва инчунин дар ҷаласаҳо бо Кушнер ва Младенов (Николай Младенов — фиристодаи махсуси СММ дар раванди сулҳи Осиёи Ғарбӣ ва раиси Шӯрои сулҳ барои Ғазза) ҳузур ёфтанд.
Аз тарафи дигар, вебгоҳи «Аксиос» ба нақл аз як манбаи огоҳ даъво кард: ҳадафи дидори Кушнер бо сарони Ҳамас дар Миср, табдил додани уҳдадориҳои ин ҷунбиш дар заминаи халъи силоҳ ба қадамҳои амалӣ мебошад! Фардо душанбе Кушнер дар бораи чораҳои мутақобиле, ки (режими) Исроил бояд анҷом диҳад, бо Натаняҳу гуфтугӯ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки пештар эълом шуда буд: Ҷаред Кушнер, домод ва фиристодаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо намояндагони Ҳамас ва бо ҳузури миёнҷиёне аз Миср, Туркия ва Қатар дидор хоҳад кард.
Манобеи огоҳ даъво карда буданд, ки ҳадафи ин дидор, пешгирӣ аз фурӯпошии созишномаи Ғазза мебошад.
Your Comment