Ба гузориши хабаргузории «Абна», рӯзномаи сионистӣ «Маарив» гузорише дар бораи бесабриҳои рӯзафзуни Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико нисбат ба ҳисобҳои сиёсии дохилии Бинёмин Натаняҳу, сарвазири режими сионистӣ интишор кард.
Ин рӯзномаи ибрӣ даъво кард, ки Амрико иҷоза нахоҳад дод, ки дастури корӣ минтақавиаш бо монеа рӯбарӯ шавад ва метавонад ба зудӣ Исроилро барои таъхир дар созишномаҳои банақшагирифта дар Ховари Миёна масъул бидонад.
Тибқи гузоришҳо, даргириҳои ахир дар ҷануби Лубнон, ки боиси маҷрӯҳ шудани сарбозони исроилӣ ва шаҳодати ғайринизомиёни лубнонӣ шуд, ёдовари шикофи ошкори назар байни Байрут ва Тел-Авив буд. Дар ҳоле ки режими сионистӣ бар идомаи ҳузури артиши ин режим дар ҷануби Лубнон исрор меварзад, Вашингтон бовар дорад, ки ин мавқеъ монеи созишномаи чаҳорчӯбӣ мешавад. Давлати Амрико хоҳони ақибнишинии марҳилавии Исроил аст ва ҳушдор медиҳад, ки ҳузури доимии низомии Исроил дар ҷануби Лубнон бо уҳдадориҳои дар созишнома сабтгардида мухолифат дорад.
Орзуҳои Трамп фаротар аз Лубнон аст; онҳо феҳристи васеи ҳадафҳоро дар бар мегиранд, аз ҷумла: пеш бурдани нақшаи Шӯрои сулҳ дар Ғазза, бастани созишномаи амниятӣ бо Сурия (дар ҷое, ки Вашингтон сарфи назар аз интиқодҳои шадиди Исроил, бар режими Ҷулонӣ сармоягузорӣ мекунад), шикастани бунбаст дар буҳрони Эрон ва расидан ба созишномаи муносибатҳои муқаррарӣ байни Исроил ва Арабистони Саудӣ.
Your Comment