Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз шабакаи «Ал-Ҷазира», як мансабдори Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар сӯҳбат бо хабарии «Аксиос» эътироф кард, ки ҳузури доимии Исроил дар ҷануби Лубнон бо уҳдадориҳои ин режим дар созишномаи чаҳорчӯба (бо ҳукумати Байрут) мухолифат дорад.
Ин мансабдори амрикоӣ, ки ба номаш ишора нашудааст, таъкид кард, ки Вашингтон интизор аст ҳамаи тарафҳо ба созишномаи чаҳорчӯба, ки онро имзо кардаанд, вафодор бошанд ва мувофиқи моддаҳои он амал кунанд.
Вай илова кард, ки ҳузури доимии Исроил дар ҷануби Лубнон ба амнияти дарозмуддати ҳар ду тараф мухолифат дорад ва метавонад сулҳ ва амнияти Лубнон ва (режими) Исроилро дар дарозмуддат таҳдид кунад.
Аз сӯйи дигар, Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар сӯҳбати алоҳида бо «Ал-Ҷазира» эълом кард, ки ҳар гуна ҳузури доимии Исроил дар ҷануби Лубнон бо уҳдадориҳои пешбинишуда дар созишномаи чаҳорчӯба мувофиқат надорад.
Вашингтон бидуни маҳкум кардани ҳузури низомии артиши режими Исроил дар хоки Лубнон, даъво кард, ки Амрико тамомияти арзӣ ва ҳокимияти Лубнонро пурра дастгирӣ мекунад.
Your Comment