Ба гузориши агентҳои хабарӣ Абна ба нақл аз «Ал-Масира», манбаъҳои яманӣ аз талафоти сангини воридшуда ба душмани саудӣ дар рафти ҳамлаи Ансоруллоҳ ба Муха хабар доданд.
Ин манбаъҳо баён карданд, ки як шумора афсарони саудӣ дар рафти ин амалиёт кушта ва захмӣ шудаанд.
Манбаъҳои мазкур эълом карданд: Таркишҳо ва сутунҳои дуд ҳанӯз аз анборҳои аслиҳаи нерӯҳои душмани саудӣ дар соҳили ғарбӣ ба ҳаво бархостааст.
Якчанд соат пеш, нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе эълом кард: Дар посух ба таҳаррукҳои доимии нерӯҳои душмани саудӣ ва тақвияти аслиҳаӣ ва таҷҳизотӣ ва ҳамлаҳои доимии он ба соҳили ғарбии Яман ва музофоти Таъиз, бо ҳадафи боздоштани мардуми азизи мо аз амалҳои машрӯъашон барои муқобила бо муҳосираи нодуруст ва таҷовузи ваҳшиёнае, ки дувоздаҳ сол аст бар зидди онҳо анҷом мешавад; нерӯҳои мусаллаҳи Яман, бо ёрии Худованд, як амалиёти васеъ ва дақиқи низомиро бо ҳадаф қарор додани марказҳои таҷаммуи нерӯҳо ва анборҳои аслиҳаи душмани саудӣ дар минтақаи Муха анҷом доданд.
Your Comment