8 Август 2026 - 18:56
Source: ABNA
Яман: Сарбозони саудӣ дар нишони мо хоҳанд буд

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансаруллоҳи Яман бо ҳушдор ба Арабистони Саудӣ бар идомаи муборизаи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар алайҳи мутаҷовизон таъкид кард.

Тавре ки агентӣи хабарӣи АБНА бо иқтибос аз Ал-Масира хабар дод, Ҳазом ал-Асад, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансаруллоҳ (Яман), таъкид кард: «Нерӯҳои мутаҷовизи Арабистони Саудӣ, пойгоҳҳо ва мустахдемони он дар хоки Яман дар нишони нерӯҳои мо хоҳанд буд ва ҳеҷ амнияте нахоҳанд дошт».

Вай илова кард: «Амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар чаҳорчӯби ҳимояи ҳуқуқи қонунии халқи ин кишвар ва бардоштани муҳосира ва ҳимояи ҳокимият сурат мегирад».

Ал-Асад изҳор дошт: «Нерӯҳои мусаллаҳи Яман маҷбуранд бо ҳар касе, ки ба муқобили халқи Яман бармехезад, мубориза баранд. Дар ин набард ҳар тарафи мутаҷовизи бо ҳар миллате ҳадаф қарор хоҳад гирифт».

Вай гуфт: «Арабистони Саудӣ дар Яман ва вилояти Маъриб ҳузури низомӣ дорад ва ИМА низ аз ин ҳузур пуштибонӣ мекунад. Вашингтон тавассути сафири худ ва фармондеҳи нерӯҳои марказӣ бо ҳамкории Риёз кӯшиш кардааст, ки пойгоҳҳои саудиро дар хоки Яман таъсис диҳад ва такфириёнро ҷалб кунад».

Your Comment

You are replying to: .
captcha