24 Июл 2026 - 21:44
Source: ABNA
Шаҳрдори Лондон: Барои иҷрои ҳукми боздошти Нетанёҳу кӯшиш мекунам

Шаҳрдори Лондон таъкид кард, ки барои иҷрои ҳукми байналмилалии боздошти Нетанёҳу кӯшиш хоҳад кард.

Ба гузориши агентсии иттилоотии «Абна» ба нақл аз «Соди аль-Баляд», Содиқ Хон, шаҳрдори Лондон, таъкид кард, ки барои иҷрои ҳукми боздошти содиршуда аз сӯи Додгоҳи Ҷиноятии Байналмилалӣ алайҳи Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири реҷими сионистӣ, кӯшиш хоҳад кард.
Вай дар посух ба ин суол, ки оё Бритониё ҳукми боздошти содиршуда аз сӯи Додгоҳи Ҷиноятии Байналмилалӣ алайҳи Бинёмин Нетанёҳуро иҷро хоҳад кард ё не, гуфт: ҳар касе ки ба ҷинояти наслкушӣ муттаҳам аст, бояд бо адолат рӯ ба рӯ шавад. Агар Нетанёҳу дар Лондон ҳузур пайдо кунад, бо Энди Бёрнем, сарвазири нави ин кишвар, барои иҷрои қонун ҳамкорӣ хоҳам кард.
Вай тасреҳ кард: дар Лондон барои онҳое, ки наслкушӣ мекунанд, ҷое нест.

Your Comment

You are replying to: .
captcha