25 Июл 2026 - 17:20
Source: ABNA
Яҳё Сареъ: Мо 2 амалиёти кӯбанда анҷом додем; муҳосира ҳанӯз пойдор аст

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар тавзеҳи ду амалиёти кӯбандаи ҳавоӣ ва мушакӣ бар зидди душмани саудӣ, эълом кард: Соату рӯзҳои оянда, дар чаҳорчӯби муодилаи муҳосира дар баробари муҳосира, тардид нахоҳем кард.

Ба гузориши агентии хабарӣ «Абна» ба нақл аз «Ал-Масира», Яҳё Сареъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт: Дар амали таҷовузкори нав бар зидди мардуми мо ва вайрон кардани ҳокимияти Яман, душмани саудӣ дирӯз шаб ҳамлаи ҷинояткорона ба шаҳру бандари Ҳудайда ва ҷазираи Камарон анҷом дод, ки зарарҳои моддӣ ва маънавӣ ба бор овард.

Вай афзуд: Пудофоди ҳавоии мо пас аз вайрон кардани фазои ҳавоии мо, бо як гурӯҳ аз ҳавопаймоҳои душман даргир шуд ва монеъ аз содир намудани ҷиноятҳои бештари онҳо бар зидди мардуми мо гардид.

Яҳё Сареъ таъкид кард: Мо ду амалиёти муҳими низомӣ анҷом додем, ки дар рафти амалиёти аввал, таъсисоти ширкати «Арамко» дар Ҷизон бо даҳҳо мушакҳои баллистикӣ ва ҳавоҳои бесарнишин ҳадаф қарор гирифт. Дар рафти амалиёти дуюм низ ҳадафҳои ҳассоси вобаста ба «Арамко» дар Янбуъ бо якчанд мушак ва ҳавои бесарнишин ҳадаф қарор гирифт. Ҳар ду амалиёт муваффақ буд ва зарбаҳои дақиқ ва мустақим ба душман ворид шуд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман баён кард: Идомаи шиддатёбӣ нишондиҳандаи сатҳи исрори душмани саудӣ барои идомаи муҳосираи мардуми мо ва вайрон кардани ҳокимияти кишвари мост ва ин қобили қабул нест ва мардуми озода ва муъмин ва муборизи мо бо қувват ва ба шакли кӯбанда бо он муқобила хоҳанд кард.

Вай афзуд: Мо ба анҷом додани вазифаи худ дар дифои шарафмандона ва масъулона аз кишвар ва мардуми худ мутааҳҳид ҳастем ва душмани ҷинояткор аз мо ҷуз муқовимат ва рӯбарӯӣ нахоҳад ёфт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha