21 Июл 2026 - 08:38
Source: ABNA
Ансоруллоҳ: интихоби Ал-Ҳайя нақшаҳои душмани исроилӣро бекор кард

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба интихоби Халил ал-Ҳайя ба унвони раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос вокуниш нишон дод.

Ба гузориши агентҳои хабарӣ АБНА ба нақл аз Ал-Маядин, дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман интихоби Халил ал-Ҳайяро ба унвони раиси дафтари сиёсии Ҳамос ба ҷои шаҳид Яҳё Синвор табрик гуфт.

Дар эълонияи содиршуда аз ҷониби дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман омадааст: интихоби ал-Ҳайя боиси мустаҳкам шудани устуворӣ ва қудрати муқовимат мегардад, зеро роҳбарони муқовимат аз дардҳо, ранҷҳо ва иродаи миллати Фаластин баромадаанд.

Дар идомаи ин эълония таъкид шудааст: ин қарор собит мекунад, ки муқовимат шикастнопазир буда ва нақшаи ишғолгарони исроилӣ барои нобудии он шикаст хӯрдааст.

Ансоруллоҳ мавқеи собити ин ҷунбишро дар дастгирии миллати Фаластин ва ормони онҳо таъкид кард ва уммати исломиро масъули дастгирии устуворӣ, тобоварӣ ва муқовимати миллати Фаластин донист.

Your Comment

You are replying to: .
captcha