Ба гузориши хабаргузории Абна, Вазорати хазинаи Амрико аз татбиқи таҳримҳои нав бар зидди Эрон хабар дод.
Идораи назорати дороиҳои хориҷии Вазорати хазинаи Амрико эълом кард, ки номҳои 8 нафар ва 6 ширкатро ба рӯйхати таҳримҳои марбут ба Эрон ворид кардааст.
Ин таҳримҳо вайронкунии ёддошти тафоҳуми Исломобод маҳсуб мешавад. Дар банди 9-и ёддошти тафоҳуми Исломобод омадааст: «Эрон вазъи кунунии барномаи ҳастаии худро ҳифз хоҳад кард ва Иёлоти Муттаҳида низ таҳрими наве бар зидди Эрон татбиқ нахоҳад кард ва ҳузури низомии худро дар минтақа афзоиш нахоҳад дод».
Таҳримҳои нави Амрико бар зидди Эрон он ҳам дар миёни гуфтушунидҳо ва даъвои мақомоти Вашингтон дар бораи кӯшиш барои ҳифзи ёддошти тафоҳум миёни ду тараф, амали наве нест.
Ин таҳримҳо дар ростои сиёсати ба ном «фишори ҳадди аксар» бар зидди Эрон қарор дорад, ки то ҳол ҳеҷ натиҷае барои Трамп ва сарони Кохи Сафед надоштааст.
Your Comment