27 Июн 2026 - 10:13
Source: ABNA
Муфтии ҷаъфарии Лубнон: Созишномаи ҳукумати Байрут бо Исроил бадтарин фоҷиаи миллӣ аст

Муфтии ҷаъфарии Лубнон созишномаи байни ҳукумати Лубнон ва Исроилро «бадтарин фоҷиаи миллӣ» тавсиф кард.

Ба гузориши агентсии хабарии «Абна», «Аҳмад Қабалан», муфтии ҷаъфарии Лубнон, дар баёнияе ҳушдор дод, ки созишномаи байни ҳукумати Лубнон ва «Исроили» террористӣ бо миёнаравии Амрико «бадтарин фоҷиаи миллӣ» дар таърихи Лубнон аст ва ҳеҷ гуна қонунияте надорад.

Вай илова кард, ки ҳукумати кунунии Лубнон танҳо намояндаи худаш аст, на мардуми Лубнон.

Қабалан идома дод: масъалаи хавфнок ин аст, ки ин чаҳорчӯби созишнома ба артиши террористии Исроил амалан навъе сарпарастиро бар амалкарди артиш ва заминҳои ишғолшудаи Лубнон ато мекунад ва ба таври талвӣ ҳукмронии Исроил бар минтақаҳое, ки ишғол кардааст, ба расмият мешиносад.

Вай инчунин он чиро, ки дар паси пардаи музокироти Вашингтон байни ҳукумати Лубнон ва режими Исроил ҷараён дорад, «фоҷиа болои фоҷиа» хонд ва таъкид кард, ки ҳаргиз иҷрои онро дар воқеият нахоҳем пазируфт.

Муфтии ҷаъфарии Лубнон идома дода, бо ибороти «онҳое, ки монеъи дифои артиши Лубнон аз кишвар шудаанд, дар асл ба дунболи қурбонӣ кардани артиш тавассути ин фоҷиаи миллӣ ҳастанд», илова кард: роҳбарии кунунӣ Лубнонро ба қуттии сиёҳ [номаълумиҳо ва пинҳонкорӣ] ворид карда ва калиди ҳукмронии кишварро ба Вашингтон ва Тел-Авив супурдааст.

Қабалан дар охир гуфт: новобаста аз баҳои ин муомилаи шарманда, ин нақша ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha