Ба гузориши агентсии хабаргузории АБНА ба нақл аз Алҷазира, «Итамар Бен-Гвир», вазири амнияти дохилии режими сиёнистӣ, дар мусоҳиба бо канали 7-уми телевизиони Исроил даъво кард, ки оташбас дар Лубнон наметавонад идома ёбад.
Изҳороти ин вазири ифротии сиёнистӣ дар ҳолест, ки режими ишғолгар ба шаш маротиба вайрон кардани оташбас дар ҳафтаи гузашта эътироф кард.
Артиши режими сиёнистӣ дар гузорише эълом кард, ки дар ҳафтаи гузашта шаш ҳамлаи ҳавоӣ бар зидди афроди мусаллаҳе, ки барои низомиёни ишғолгар дар ҷануби Лубнон таҳдид буданд, анҷом додааст.
Агентсии расмии хабаргузории Лубнон эълом кард, ки низомиёни ишғолгар бо мошинҳои низомӣ ва булдозерҳо аз минтақаи Ҳадаса ба сӯйи атрофи Ҳарис пешравӣ карда, дар яке аз хонаҳо ҷойгир шуданд.
Сиёнистҳо амалиёти васеи поксозиро дар минтақа анҷом доданд, дар ҳоле ки ҳавопаймоҳои бесарнишини шинохтӣ ва ҳамлавӣ дар осмон ба таври васеъ парвоз мекарданд.
Your Comment