Ба гузориши агентсии хабарии Mehr, рӯзномаи New York Times хабар дод, ки ҷанг бар зидди Эрон боиси пастшавии нигаронкунандаи захираҳои аслиҳаи Амрико шудааст; мавзӯъе ки аз сӯи Вазорати ҷанги ин кишвар ва масъулони Конгресс тасдиқ шудааст.
Бар асоси ин гузориш, то ҳол 1100 мушаки круизи дурбуранҷи радаргурез, ки махсус барои даргирии эҳтимолӣ бо Чин тарҳрезӣ шуда буданд, истифода шудаанд. Ҳамчунин беш аз 1000 мушаки Томагавк, яъне тақрибан 10 баробари миқдоре, ки артиши Амрико ҳарсола харидорӣ мекунад, парронда шудааст.
Илова бар ин, дар ин ҷанг беш аз 1200 мушаки пайгири Патриот, ки ҳар кадоми онҳо зиёда аз 4 миллион доллар арзиш дорад, истифода шудааст.
Ҳамчунин беш аз 1000 мушаки заминӣ PRISM ва ATACMS парронда шудааст.
Дар ин гузориш омадааст: Бо вуҷуди кӯшишҳои маъмурияти Трамп барои афзоиши суръати истеҳсоли аслиҳа, кӯшишҳо барои иваз кардани боеприпасҳои истеъмолшуда бо мушкилоти молӣ ва истеҳсолӣ рӯбарӯ аст.
Дар ҷаласаҳои охир дар Кохи Сафед, Трамп ва масъулони сатҳи болии Пентагон ба дунболи дар пеш гирифтани ду равия барои ҳалли ин мушкил будаанд; ташвиқи пуймонкорон ба суръат бахшидан ба истеҳсоли боеприпасҳои истифодашуда ва фишор ба қонунгузорон барои тасвиби буҷаи иловагӣ барои пӯшонидани хароҷоти ҷанг.
Бо ин ҳол, интизор меравад, ки дархости Трамп барои тахсиси 70 миллиард доллар дар ростои пӯшонидани хароҷоти ҷанг бо мухолифати сахти Конгресс рӯбарӯ шавад. Пуймонкорони мазкур низ чоршанбеи гузашта дар ҷаласае дар Кохи Сафед ба раиси ҷумҳур иттилоъ доданд, ки барои маблағгузории густариши хатҳои истеҳсолӣ ба буҷаи иловагӣ ниёз доранд. Ба гуфтаи масъулони амрикоӣ, эълони такрории барномаҳои афзоиши истеҳсоли боеприпас ҳанӯз ба густариши воқеии иқтидори истеҳсолӣ наовардааст.
New York Times илова кард: Ба сабаби камбудии ин захираҳои аслиҳа ва боеприпас, қобилияти Пентагон дар идораи ҷангҳои оянда, махсусан ҷанг бо абарқудратҳое монанди Чин, ба таври мустақим маҳдуд мешавад, зеро ҳалли ин мушкил метавонад чанд сол ба дарозо кашад.
Your Comment