Ба гузориши агентии хабаргузории «Абна» ба нақл аз «Ал-Қудс ал-Арабӣ», Такер Карлсон, хабарнигор ва фаъоли сиёсии амрикоӣ эълом кард, ки дигар аз ҳизби ҷумҳурихоҳ дастгирӣ намекунад, зеро сарони ин ҳизб қарорҳоеро қабул мекунанд, ки бештар манфиатҳои режими сиёнистиро дар назар мегирад то манфиатҳои мардуми Амрико.
Вай, ки яке аз барҷастатарин ҷонибдорони ҷумҳурихоҳон дар тӯли беш аз се даҳа будааст, таъкид кард: «Ман дигар наметавонам мавқеи ин ҳизбро пас аз ҷанг бо Эрон баҳрагирӣ кунам. Ин ҷанг дар ростои манфиатҳои Исроил ва бар зидди манфиатҳои Амрико анҷом шуд.»
Карлсон ҳамчунин таъкид кард: «Ман аз ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёнамуҳлати оянда дастгирӣ нахоҳам кард. Дар айни ҳол аз демократҳо низ дастгирӣ намекунам.»
Вай, ки дар интихоботи гузашта аз Трамп дастгирӣ карда буд, пас аз таҷовузи низомии амрикоию сиёнистӣ бар зидди Эрон аз ин дастгирӣ ибрози пушаймонӣ кард.
Карлсон гуфт: «Ман ба муддати 35 сол ҷонибдори ҷумҳурихоҳон будам, аммо дигар нестам. Бовар дорам, ки шахсони зиёди дигар низ даст аз дастгирӣ бархоҳанд дошт.»
Your Comment