22 Июн 2026 - 12:38
Source: ABNA
Ҷавоби манфии Ҷулонӣ ба дархости Трамп барои ҷангафрӯзӣ дар Лубнон

Пас аз эълони Доналд Трамп дар бораи «эҳтимоли супурдани парвандаи Ҳизбуллоҳ ба Сурия», раҳбари низоми худхондаи Сурия бо ин дархост мухолифат карда, гуфт, ки ба ҷанҷол бо Ҳизбуллоҳ ва вуруд ба Лубнон намеандешад.

Ба гузориши агентии хабарӣ «Абно» бо иқтибос аз агентии хабарии Сурия, Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари низоми худхондаи Сурия, дар изҳороташ таъкид кард, ки Доналд Трамп, президенти ИМА, дар тамоси телефонӣ бо ӯ дар бораи роҳҳои ҳалли ғайр аз ҷангу мубориза бо Ҳизбуллоҳ суҳбат кардааст.

Ҷулонӣ кӯшиш кард суханони Трампро ба таври дигар тафсир кунад то тарси худро аз мубориза бо Ҳизбуллоҳ тавҷеҳ диҳад. Вай даъво кард, ки Трамп аз он чӣ дар Лубнон рӯй дода истодааст, изҳори норозигӣ карда ва дар бораи нақши Сурия дар ёфтани роҳи ҳалли амн ва бешиддат суҳбат кардааст, аммо ин изҳорот ба хато чунин тафсир шудааст, ки гӯё Сурия қарор аст ба Лубнон ворид шавад.

Вай таъкид кард: «Ман намехоҳам, ки Сурия дар Лубнон мудохилаи манфӣ дошта бошад ва мо ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли иқтисодӣ ҳастем, на низомӣ».

Раҳбари низоми муваққатии Сурия таъкид кард, ки Сурия ба Лубнон намеравад ва ба Трамп гуфтааст, ки роҳҳои дигар ғайр аз ҷангу муқобила бо Ҳизбуллоҳ вуҷуд доранд.

Ҷулонӣ гуфт, ки метавон ба Сурия барои роҳи ҳалли мусбат такя кард, ки тавассути тақвияти дастгирӣ аз ҳукумати Лубнон, тақвияти ниҳодҳои расмӣ ва барқарор кардани робита ва пайванд байни нерӯҳои лубнонӣ аз ҷумла Ҳизбуллоҳ анҷом шавад, зеро роҳҳои ҳалли нопурра ва ноқис мушкилоти бузург эҷод мекунанд.

Вай афзуд, ки Ҳизбуллоҳ бояд мақом ва мавқеи худро пайдо кунад, зеро баъзе кишварҳое, ки ба Лубнон таваҷҷӯҳ доранд, ин гурӯҳро бо парвандаи Эрон робитадор медонанд.

Раҳбари низоми муваққатии Сурия, ки аз замони ба сари қудрат омадани вай дар ин кишвар ҷиноятҳои зиёде алайҳи шиъиён содир шудааст, бо ин даъво, ки Ҳизбуллоҳ намояндаи шиъиён дар Лубнон нест, гуфт: «Набояд дар ин кишвар гурҳҳои берун аз иродаи давлат вуҷуд дошта бошанд, ман ба вазъияти шиъиён дар Лубнон таваҷҷӯҳ дорам.»

Ҷулонӣ гуфт, ки Сурия омода аст, ки паси миз нишинаду бо ин Ҳизбуллоҳ музокирот кунад.

Вай изҳор дошт, ки ҷанги Эрону Амрико беҳуда ва беҳадаф аст, ба манфиати ду кишвар нест, ки ҷангро идома диҳанд, Исроил ҳам қисме аз Амрико аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha