Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абно», рӯзномаи «Уолл Стрит Ҷорнал» хабар дод, ки ИМА ва Қатар дар ҳоли таҳияи механизме мебошанд, ки ба Эрон имкон медиҳад аз захираҳои басташудаи худ ба арзиши зиёда аз шаш миллиард доллар барои харидории молҳои зарурӣ истифода барад.
«Файненшл Таймз» низ қаблан ба нақл аз як манбаи огоҳ хабар дода буд, ки интизор меравад ИМА 6 миллиард доллар аз амволи басташудаи Эронро озод кунад.
Иддао шудааст, ки ин захираҳо мувофиқи ёддошти тафоҳум байни Вашингтон ва Теҳрон, танҳо барои харидории молҳои башардӯстона ва ашёи ғайритаҳримӣ аз ИМА истифода мешаванд.
Мувофиқи ин гузориш, ин дороиҳо ҳозир дар Қатар нигоҳ дошта мешаванд.
Your Comment