Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абно» ба нақли «Ал-Ҷазира», барои бистумин рӯзи пай дар пай ҳазорон нафар аз мардуми Албания барои нишон додани хашм ва эътирози худ нисбат ба лоиҳаи фароғатии марбут ба оилаи Трамп ба кӯчаҳо омаданд.
Мувофиқи ин гузориш, ҳазорон нафар аз мардуми Албания дирӯз дар Тирана пойтахти ин кишвар ҷамъ омада ва шиори «Албания фурӯхта намешавад»-ро сар доданд.
Онҳо хоҳони истеъфои сарвазири ин кишвар шуданд. Гуфта мешавад, ки баъди ин эътирозҳо раванди сохтмон дар баъзе қисматҳо ба таълиқ дароварда шудааст.
Лозим ба зикр аст, ки ин нақша сохтмони маҷмӯаҳои меҳмонхона ва иншооти сайёҳиро дар ҷазираи ғайримаскунӣ «Сазан» ҳамчунин минтақаҳои «Зафирнёк» ва «Вёса-Нарта» дар ҷануби Албанияро дар бар мегирад; минтақаҳое, ки қисме аз онҳо дар доираи минтақаҳои соҳилӣ ва ҳифзшуда қарор доранд.
Иванка Трамп ва Ҷаред Кушнер пештар эълон карда буданд, ки қасд доранд як ҷазираи хусусӣ барои худ дар мобайни баҳри Миёназамин ба масоҳати як ҳазору чорсад гектар бунёд кунанд.
Духтари Трамп эълон кард, ки ин лоиҳаи азим бо ҳамкории меъморони байналмилалӣ анҷом хоҳад шуд.
Қарор аст, ки дар рафти ин лоиҳа, ҷазираи Сазан, ки пештар як сайтҳои низомии назди соҳилҳои Албания буд, ба ҷазираи хусусии оилаи Трамп табдил шавад ва ширкати сармоягузории Кушнер низ ин лоиҳаро иҷро кунад.
Your Comment