Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абно», Амихай Шикли вазири корҳои муҳоҷирони режими сионистӣ бо изҳори нигаронӣ нисбат ба моҳияти муносибатҳои байни Сурия ва Туркия гуфт, ки Туркия ва Сурия барои Исроил мушкилоти бузургтар аз Эрон ба ҳисоб мераванд.
Вай, ки узви ҳизби ҳоким ба сарварии Нетанёҳу дар арзҳои ишғолӣ мебошад, илова кард: «Исроил дер ё зуд ба Сурия ҳамла хоҳад кард».
Ин дар ҳолест, ки режими Ҷулонӣ аз замони сарнагунии низоми Башшор Асад дар Сурия то ҳол на танҳо ҳеҷ мавқеи душманона алайҳи режими сионистӣ нагирифта, балки дар баробари таҷовузоти пай дар пайи заминӣ ва ҳавоии ин режим алайҳи Сурия ҳеҷ амале накарда ва ҳатто борҳо бар хоҳиши худ барои тавофуқ бо Тел-Авив таъкид кардааст.
Дар ҳоле ки Туркия қасд дошт Ҳимс ва Ҳамаро ба пойгоҳи низомии худ табдил диҳад, режими сионистӣ бо бомбаборон кардани фурудгоҳҳои ин минтақаҳо нерӯҳои Туркияро маҷбур ба ақибнишинӣ кард.
Your Comment