20 Июн 2026 - 14:06
Source: ABNA
Ҳаоретс: Нетанёҳу ба «рӯзҳои охирини сиёсии» худ ворид шудааст

Як таҳлилгари сионистӣ бо интиқоди шадид аз сарвазири режими Исроил ҳушдор дод, ки давраи боқимондаи ҳукумати Бениёмин Нетанёҳу метавонад марҳилаи хатарноктарин барои ин режим бошад.

Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абно» ба нақли «Русия ал-Яум», як нависанда ва шарҳдиҳандаи сиёсӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ бо ҳамлаи шадид ба Бениёмин Нетанёҳу, сарвазири режими сионистӣ, эълом кард, ки ӯ ба «рӯзҳои охирини сиёсии» худ ворид шудааст ва ин вазъият метавонад барои (режими) Исроил хатарнок бошад.

Ба гузориши рӯзномаи «Ҳаоретс», «Ури Мисгав» дар мақолае бо унвони «Нетанёҳу тамом шудааст... ва ин хатарнок аст» навишт, ки Нетанёҳу аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва аз ҷиҳати пуштибонии афкори умумӣ бо бӯҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст.

Ба навиштаи ин таҳлилгар, лоиҳае, ки солҳо меҳвари фаъолияти сиёсии Нетанёҳу буд, яъне мубориза бо он чи «тахдиди Эрон» хонда мешуд, акнун бо шикасти ҷуғрофиёии сиёсӣ рӯбарӯ шудааст ва ин мавзӯъ мавқеи сиёсии ӯро беш аз пеш заиф кардааст.

Мисгав инчунин бо ишора ба фазои хашм ва ноустувории сиёсӣ дар Исроил пас аз ҷангҳо ва таҳаввулоти амниятии охирин, ҳушдор дод, ки Нетанёҳу метавонад барои гурехтан аз фишорҳои дохилӣ ва сиёсӣ, ба сӯи амалиёти шиддатангез дар минтақа ҳаракат кунад.

Вай эҳтимоли шадидшавии даргириҳо дар Соҳили Ғарбӣ, навори Ғазза ва Лубнон ё ҳатто густариши шиддат бо Эронро дар зумраи сенарияҳое донист, ки метавонанд барои тағйири фазои сиёсии дохилии режим пайгирӣ шаванд.

Ин таҳлилгари сионистӣ инчунин аз сохтори қарорқабулӣ дар режими Исроил интиқод кард ва даъво намуд, ки Нетанёҳу ҳалқае аз чеҳраҳои комилан ба худ садоқатдоштаро дар атрофи худ ҷой дода ва садои мунаққидон дар ниҳодҳои расмӣ камтар шунида мешавад.

Дар охири ин мақола омадааст, ки ихтилофот дар маҳфилҳои сиёсӣ ва расонаии режими Исроил дар бораи ояндаи Нетанёҳу дар ҳоли афзоиш аст ва ҳамзамон дархостҳо барои баргузории интихоботи пеш аз вақт ва ҷавобгар кардани роҳбарони сиёсии ин режим нисбат ба оқибатҳои бӯҳронҳои охирин рӯ ба густариш аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha