Ба гузориши агентсии хабарии «Абна», «Морин Дауд» нависандаи амрикоӣ дар сутуни худ дар рӯзномаи Ню Йорк Таймз навиштааст, ки парвандаи Ҷеффри Эпштейн, миллиардери маҳкум ба ҷиноятҳои ҷинсӣ, ҳанӯз бори вазнини сиёсӣ бар дӯши Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва ҳукумати ӯ таҳмил кардааст ва ҳамаи талошҳои Кохи Сафед барои дур кардани таваҷҷӯҳот аз он то кунун ноком будааст.
Нависанда бо муқаддимае тунд дар бораи паҳн шудани эътиқод ба ҷоду ва сеҳр дар фарҳанги мардумии Амрико, навиштааст, ки Трамп ба эҳтимол ба «ҷодуе» ниёз дорад, то ӯро аз сояи Эпштейн раҳо кунад.
Ба навиштаи Ню Йорк Таймз, қисми бузурге аз афкори умумии Амрико бовар дорад, ки ҳақиқатҳои пурраи марбут ба Эпштейн ҳанӯз ошкор нашудааст ва номуайяниҳои зиёд дар атрофи робитаҳо ва шабакаи васеи шиносони ӯ вуҷуд дорад.
Нависанда бо ишора ба набудани шаффофият ва идомаи номуайяниҳои мавҷуд дар ин парванда навиштааст, ки робитаи пешина байни Эпштейн ва раиси ҷумҳурӣ халос шудани Трампро аз ин парванда ё бовар кунондани афкори умумӣ ба беаҳамиятии он душвор мекунад.
Your Comment