Ба гузориши агентии хабарии Абна, Рафаэл Гросси, директори генералии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (АБЭА), дар суҳбат бо Алҷазира даъво кард, ки бозгашти бозрасиҳо дар қиболи сайтҳои ҳастаии Эрон пеш аз дастёбӣ ба ҳар гуна созише шарти зарур аст.
Вай бе ишора ба ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Эрон бо Агентия дар идома илова кард: «Мо дар тӯли беш аз 8 моҳи гузашта натавонистаем дар бораи захираҳои эълоншудаи урани Эрон таҳқиқот анҷом диҳем».
Гросси гуфт: «Фарзи мо ин аст, ки моддаҳои ҳастаии Эрон ҳанӯз ҳам дар ҳамон ҷое ҳастанд, ки дар замони оғози ҳамлаҳо буданд ва Теҳрон ин масъаларо тасдиқ кардааст».
Вай бори дигар бе ишора ба бад аҳдӣ ҳои ИМА ҳангоми музокира бо Эрон таъкид кард, ки роҳи ҳалли масъалаи ҳастаӣ байни ИМА ва Эрон бояд дипломатӣ бошад ва музокираҳо байни ду тараф бо вуҷуди баҳсҳои ҷорӣ дар бораи масъалаҳои калидӣ ба созиш наздик шудааст.
Гросси дар як конфронси матбуотӣ гуфт, ки АБЭА дар ҳоли ҳозир мустақиман дар музокираҳо байни Вашингтон ва Теҳрон дахл надорад, аммо аз наздик таҳаввулотро назорат мекунад. Вай даъво кард, ки нишонаҳои кунунӣ ҳакӣ аз он аст, ки ду тараф ба созиши эҳтимолӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон наздиктар шудаанд.
Вай даъво кард, ки Эрон аз рӯи қонун вазифадор аст, ки АБЭА-ро дар ҳар шароите аз фаъолиятҳои ҳастаии худ огоҳ кунад! Беҳтарин гузина пас аз дастёбӣ ба созиш, ҳазф ё коҳиш додани сатҳи ғанисозии захираҳои урани баландғанисози Эрон аст.
Гросси дар айни ҳол эътироф кард, ки ҳеҷ амали низомӣ наметавонад барномаи ҳастаии Эронро ба таври комил анҷом диҳад.
Your Comment