Ба гузориши агентии хабарии Абна, Исмоил Бақоӣ, сўхангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҳисоби корбарии худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар посух ба нокомии Олмон дар ба даст овардани ақалли овозҳои зарурӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои интихоб шудан ба ҳайси яке аз 10 узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, изҳор дошт: «Нокомии Олмон дар ба даст овардани курсии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, он ҳам барои нахустин бор пас аз даҳсолаҳо, нишонаи равшани эътирози ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба рафтори ғайримасъулона ва риёкоронаи ҳайати ҳокими ин кишвар дар қабли ҷинояти куштор (геноцид)-и фаластиниҳо ва низ таҷовузи низомии режими сионистӣ бар зидди Эрон аст».
Вай афзуд: «Ба ёд дошта бошем, ки Олмон яке аз фурўшандагони бузурги силоҳи марговар ба режими сионистӣ аст, ҷинояти куштори фаластиниҳоро сафед мекард ва ҳангоми таҷовузи низомии режими сионистӣ ба Эрон, ба ҷои уҳдадорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва маҳкум кардани ин таҷовуз, онро чунин тавсиф кард: «Кори чирке, ки Исроил барои ҳамаи мо мекунад»».
Бақоӣ таъкид кард: «Ин кишвар ҳатто дар қабли ҷинояти ҷангӣ – қатли омми 170 нафар хонанда дар шаҳри Миноб аз тариқи мусошакҳои амрикоӣ хомӯшӣ ихтиёр кард».
Вай гуфт: «Ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст ва миллатҳо даъвои ҳимояти ҳуқуқи байналмилалиро бо рафтори амалии ҳукуматҳо доварӣ мекунанд. Нодида гирифтани ин тағйирот, хароҷоти дипломатии худро ба бор хоҳад овард».
Сўхангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт: «Нокомии Олмон дар ба даст овардани курсии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, нишонаи равшани эътирози ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба рафтори ғайримасъулона ва риёкоронаи ҳайати ҳокими ин кишвар аст».
Your Comment