31 Май 2026 - 16:31
Source: ABNA
Даъвои Тел-Авив дар бораи пешравӣ дар ҷануби Лубнон ва ишғоли як минтақа

Режими сиёнистӣ даъвои пешравӣ дар ҷануби Лубнон ва ишғоли як минтақа кардааст.

Ба гузориши агентии хабapии Абна бо иқтибос аз Ал-Ҷазира, артиши режими сиёнистӣ даъво кард, ки тавонист қалъаи аш-Шақифро, ки дар ҷануби Лубнон ҷойгир аст, ишғол кунад. Манобеи низомӣ дар ин режим низ даъво карданд, ки артиш кӯшиш мекунад назорати ин минтақа ва атрофи дарёи ас-Салюқиро нигоҳ дорад.

Онҳо илова карданд, ки ишғоли минтақаи мазкур пас аз рух додани даргириҳои сахт бо нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ва пуштибонии васеи ҳавоӣ ва заминӣ сурат гирифтааст.

Артиши сиёнистӣ инчунин ба сокинони ҷануби Лубнон ва ҷануби дарёи аз-Заҳронӣ дар бораи эвакуатсия ҳушдор дод.

Исроил Котз, вазири ҷанги режими сиёнистӣ низ даъво кард, ки ба фармони Нетанёҳу назорати ин нуқтаи стратегӣ барои муҳофизат аз минтақаҳои ишғолии Ҷалил ба дасти сиёнистиҳо афтодааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha