28 Май 2026 - 10:55
Source: ABNA
Трамп дар бораи гулӯгоҳи Ҳурмуз Уммонро ба ҳамла таҳдид кард

Раисиҷумҳури Амрико, ки аз баста будани гулӯгоҳи Ҳурмуз дармонда шудааст, ин дафъа салтанати Уммонро таҳдид кард, ки дар сурате ки бихоҳад монеъи боз будани ин обгузар гардад, ҳадаф қарор хоҳад гирифт.

Ба гузориши агентии иттилоотии «Абно» ба нақл аз шабакаи «Си-Эн-Эн-и Арабӣ», раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо баёни ин ки "гулӯгоҳи Ҳурмуз барои ҳама боз хоҳад буд", даъво кард: Амрико ҳифзи онро таъмин мекунад.

Вай дар идома гуфт: Боз будани гулӯгоҳи Ҳурмуз, қисме аз музокироти ҷорӣ бо Эрон аст.

Трамп инчунин дар бораи нақши Уммон дар ин мавзӯъ ҳушдор дод ва гуфт: Уммон мисли ҳар кишвари дигар рафтор хоҳад кард, дар ғайри ин сурат зарур аст, ки онро тарконем.

Вай дар посух ба саволе дар бораи эҳтимоли он ки вай бо туфоқе кӯтоҳмуддат, ки ба Эрон ва Уммон иҷозати идораи ин гузаргоҳи ҳаётиро диҳад, мувофиқат кунад, низ гуфт: Не, ин гулӯгоҳ барои ҳама боз хоҳад буд.

Раисиҷумҳури Амрико даъво кард: Ҳеҷ кас бар обҳои байналмилалӣ назорат нахоҳад дошт. Мо амнияти онро таъмин мекунем, аммо ҳеҷ тарафе назорати онро дар ихтиёр нахоҳад гирифт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha