Ба гузориши агентии хабарии «Абна» ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, ин фаъолон пас аз бозгашт, шаҳодатҳои тарсноке аз шароити боздошти худ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин пешниҳод карданд; боздоште, ки пас аз таваққуфи киштии онҳо дар баҳри Миёназамин ва дар масири кӯшиш барои шикасти муҳосираи навори Ғазза сурат гирифт.
Ба гуфтаи фаъолон, нерӯҳои сионистӣ ҳангоми тасарруфи киштӣ дар 18 май, ба хушунати шадид алайҳи фаъолони ҳомии Фаластин даст заданд, ки ба захмӣ шудани шуморае аз онон анҷомид.
Манобеъи марбут ба ин корзор эълом карданд, ки ду фаъоли фаронсавӣ ҳанӯз ба далели шиддати ҷароҳатҳои нашъӣ аз раванди боздошт ва интиқол, дар яке аз бемористонҳои Туркия таҳти табобат ҳастанд.
Марям Ҳоҷул, фаъол ва пешбарандаи хидматрасонии тиббӣ, гуфт, ки боздоштшудагон дар шаҳри Ашдод зери назорати мустақими полиси режими Исроил ва вобаста ба Итомар Бен-Гвир, вазири (ба истилоҳ) амнияти дохилии режими сионистӣ, дар шароити душвор нигоҳдорӣ шуданд.
Вай таъкид кард, ки фаъолон дар контейнерҳои сиёҳ ва баста қарор дода шуданд; амале, ки бо ҳадафи озору таҳқир ва салби киромати инсонии онҳо анҷом шуд.
Your Comment