Ба гузориши агентии иттилоотии «Абно» ба нақл аз шабакаи «Алҷазира», Ҳизбуллоҳ дар изҳороте эълом кард, ки як маркази навтаъсиси артиши режими Исроил дар шаҳраки «Ал-Адиса» дар ҷануби Лубнонро бо мушакҳо ва тирҳои тӯпхона ҳадаф қарор додааст.
Муқовимати исломӣ инчунин аз ҳамла бо «мушакҳои махсус» ба ду таҷаммуъи нерӯҳои артиши режими Исроил дар атрофи «Заутари Шарқӣ» ва «Ал-Адиса» хабар дод.
Бар асоси ин изҳорот, маркази навтаъсиси артиши режими сионистӣ дар «тепаи Ал-Увайда» дар ҷануби Лубнон низ бо мушакҳои махсус ҳадаф қарор дода шуд.
Ҳизбуллоҳ ба ҷузъиёти бештари ин ҳамлаҳо ва низ талафоти эҳтимолии он ҳеҷ ишорае накардааст.
Your Comment