Ба гузориши агентии иттилоотии «Абно», робитаи умумии нерӯи дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ эълом кард: дар шабонарӯзи гузашта 23 киштӣ, аз ҷумла нафткаш, контейнербар ва дигар киштиҳои тиҷоратӣ, пас аз гирифтани иҷозат, бо ҳамоҳангӣ ва таъмини амнияти нерӯи дарёии Сипоҳ аз гулӯгоҳи Ҳурмуз гузаштанд.
Нерӯи дарёии Сипоҳ афзуд: Халиҷи Форс як паҳнои обӣ ба мансуби мусалмонони кишварҳои минтақа буда, таҷовуз ва шарратҳои артиши террористии Амрико муҳимтарин сабаби нoaмнии он дар ин айём аст. Назорати оқилонаи гулӯгоҳи Ҳурмуз ба таври доимӣ, бо салобат ва иқтидор дар ҳоли анҷом аст.
Your Comment