Ба гузориши агентии хабарии «Абна» ба нақл аз «Ал-Маядин», Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи гузашта тасвирҳое аз ҳадаф қарор гирифтани низомиёни сионистӣ дар минтақаи Рашаф, ки дар ҷануби ин кишвар воқеъ аст, интишор кард.
Ин амалиёт бо якчанд пешопори бесарнишини «Абобил» анҷом шуд.
Дар ин тасвирҳо сӯхтани танкҳои Меркава, таҷҳизоти ҷангии низомиёни сионистӣ ва булдозери Ди-9 дида мешавад.
Ҳамчунин гузориш шуда, ки аксари низомиёни сионистӣ пас аз амалиёти васеи бесарнишини Ҳизбуллоҳ ин минтақаро тарк карда ва аз он ақибнишинӣ карданд.
Ҳизбуллоҳи Лубнон аз бимимони имрӯз то ҳол 28 баёния оид ба амалиётҳои худ алайҳи макони ҷамъомади низомиёни сионистӣ ва марказҳои навтаъсиси раҳварӣ (фармондеҳӣ) дар минтақаҳои ҷануби Лубнон ва низ муқобилият бо ҷангандаҳо ва бесарнишинҳои душман интишор кардааст.
Your Comment